Дари баста боз шуд, тифли танҳомонда наҷот ёфт (аудио)

Кормандони дастаи вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дари бастаеро боз карданд, ки дохили он тифли соҳибихона танҳо монда буд.

Бино ба иттилои КҲФ, як бонуи ҷавон, сокини кӯчаи Нахимов 64/7 ба қисми навбатдории ин ниҳод занг задаву хабар додааст, ки натавонистааст вориди манзили истиқоматиаш шавад, чун дар маҳкам шудаву писари 7-солааш танҳо дохили он мондааст. Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расида, бо таҷҳизоти махсус дарро беосеб боз карда ва модару писарро саломат ба дидори ҳамдигар расонидаанд.

— Писарбача ба ёрии тиббиву равонӣ ниёз надошт. Наҷотдиҳандагон бо модари бача суҳбат карданд ва барояш хатарҳои эҳтимолии дар хона танҳо мондани кӯдакро фаҳмониданд. Ҳамчунин, ба писарак низ гуфтанд, ки дар сурати ногаҳон танҳо мондан дар хона бояд чӣ кунад ва чӣ накунад,- меафзояд манбаъ.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *