Дари боз чанд бонк баста шуд
Бонки миллии Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти боз 6 ташкилоти хурди қарзӣ хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, фаъолияти муассисаҳои қарзии хурди “Асрина” ва “Армон” рӯзи 1 май дар пайи пешниҳоди ариза аз ҷониби масъулинашон қатъ шуд. Инчунин, бо қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои ҶСП ТАҚХ “Самар”, ҶСП ТАҚХ “Вориси замон”, ҶСП ТАҚХ “Амлок” ва ҶСП ТАҚХ “Нисор Фом” бозхонд шуда, фаъолияти онҳо бинобар оғози расмиёти барҳамдиҳӣ қатъ шудаанд.
Давоми ду соли охир дар Тоҷикистон фаъолияти даҳҳо ташкилоти қарзӣ бо далелҳои мухталиф қатъ шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ