Даромади 25 миллион долларии Тоҷикистон аз фурӯши барқ

Дар нимсолаи аввали соли 2019 Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ба миқдори 1,2 миллиард киловат-соат неруи барқ содир кардааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ба миқдори 1,2 миллиард киловат-соат неруи барқ содир кардааст.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, аз ҳисоби фурӯши неруи барқ ба миқдори 230 миллион сомонӣ ё ҳудуди 25 миллион доллар даромад ба даст омадааст.

Бад ин тартиб, ба гуфтаи вазир, содироти неруи барқ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 45 дарсад боло рафтааст.

Тибқи тавофуқоти мавҷуда Тоҷикистон дар соли равон ба кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон ба миқдори 3,2 миллиард киловат-соат неруи барқ содир мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *