даромади  Дубай ба яғмо рафт

Як сокини 32-солаи пойтахт ба мақомот шикоят кардааст, ки ҳангоми баргаштан аз шаҳри Дубай автомашинаашро таъқиб карда, бо роҳи зӯрӣ аз ӯ пул ситонидаанд.

 

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд,  шаби 31 ба 1-уми майи соли равон, ҳангоми баргаштан аз шаҳри Дубай ғоратгарон аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр автомашинаи ин мардро таъқиб кардаанд.

 

Баъдан дар назди тарабхонаи “Шаҳрисабз”, воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода онҳоро боздошт намуда, бо истифодаи силоҳи сард (корд) аз онҳо 600-доллари амрикоӣ ва 2-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-6”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

 

Дар ВКД мегӯяд,  бо иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир шудаанд.

 

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

 

Чунин тарзи ғоратгарӣ дар Тоҷикистон камназир аст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *