Даромади «Талко Голд» 2,7 баробар афзоиш ёфт
Ширкати «Талко Голд» даромадашро аз ҳисоби тавлидоти сурмаву тилло ҳудуди 2,7 баробар афзоиш додааст.
Муҳаммадвалишоҳ Махшулов, масъули матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба хабаргузории «Спутник» гуфтааст, ки афзоиши даромад қабл аз ҳама ба афзоиши тавлидот вобастагӣ дорад.
«Ҳамзамон тавлидоти бахусус тилло афзойиш ёфт ва ба ин далел, ки тибқи қонунгузорӣ ҳаҷми тавлидоти тилло иттилои хос аст, онро ироа карда наметавонем. Омили дигар афзоиши нархи тилло дар бозори ҷаҳонӣ аст»,- гуфт Махшулов.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ширкати «Талко Голд» дар чаҳор моҳи соли равон ба маблағи 298,7 млн сомонӣ тиллову сурма тавлид кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 188,8 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 272%-ро ташкил медиҳад.
“Талко Голд” ё “Тиллои Талко”, яке аз ширкатҳои гурӯҳи «Талко», корхонаи давлатии Тоҷикистон аст, ки моҳи апрели соли 2021 дар минтақаи Кончочи ноҳияи Айнӣ ба кор шуруъ кард, 50%-и саҳмияҳояш ба Чин ва 50% ба худи Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ