Дарси маҳорати Франсуа Шаплен дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон
Дар Консерваторияи милли Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов вохӯрии устодону донишҷӯёни муассиса бо пианинонавози машҳури сатҳи ҷаҳонӣ, ғолиби чандинкаратаи озмунҳои байналмилалӣ, яке аз даҳ пианинонавозони беҳтарини замони мо Франсуа Шаплен доир гардид.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Франсуа Шаплен дар вохӯрӣ бо устодону шогирдони Консерватория аз нозукиҳои сози пианино, навозиши асарҳои мусиқӣ дар ин сози мусиқӣ дарси маҳорат доир намуд.
— Омӯзгорону донишҷӯёни муассиса бо хушҳолӣ, шавқу муҳаббати беандоза дар дарси маҳори пианинонавози машҳур ширкат варзиданд. Роҳбарият, омӯзгорони донишҷӯёни Консерватория барои баргузории дарси маҳорат дар сози пианино ба Франсуа Шаплен изҳори миннатдорӣ намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ