Дарси шатранҷ дар мактабҳо

Шурӯъ аз соли нави таҳсил дар муассисаҳои кишвар дарси шатранҷ ҷорӣ карда мешавад. Дар ин замина аллакай китоби дарсии “Асосоҳои шатранҷ” ба нашр расида, барномаи таълимӣ таҳия шудааст. Ин нуктаро вазири маориф ва илми кишвар Саид Нуриддин Саид, зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш ба рӯзноманигорон ироа кард.
Нуриддин Саид, гуфт ки дарси шатранҷ ё шоҳмот дар заминаи як дастури президенти кишвар роҳандозӣ шуда, аз ҳисоби соатҳои дарсии фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва соати тарбиявӣ ҷорӣ мешавад.
Ҳамчунин, вазир гуфт, ки тайи соли 2017 Вазорати маориф 39 номгӯй китобҳои дарсӣ, 287 номгӯй маводи таълимӣ ( барномаи таълим. модул, роҳнамо, замима ба китобҳои дарсӣ) бо теъдоди 5 119 358 нусха бо маблағи 47 407 819 сомонӣ нашр гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *