Дарвоз: Дар пайи сели тахрибкор 15 хоҷагии зери хатари эҳтимолӣ бояд кӯчонида шаванд (аудио)
27-уми марти соли 2022 боронҳои шадид ва гарм шудани дамои ҳаво боиси боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва ҳаракати хоку гил шуда, бар асари он дар километри 352-и роҳи мошингарди Ш. Шоҳин — Дарвоз, ки аз қаламрави деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз убур мекунад, роҳ баста гардидааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ҷалб гардида, бо кӯшиши кормандони ин идора паёмадҳо бартараф шудаанд. Дар айни замон роҳ боз аст ва мошинҳо аз ду самт равуо доранд.
Тавре гуфта мешавад, 12-18-уми марти соли 2022 низ дар ҳамин минтақа сел гилу лойи зиёдро фурӯ рехта буд, ки дар натиҷа барои чанде аз хонаводаҳои деҳаи Умараки ноҳияи Дарвози ВМКБ хисорот овард.
Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят, дар натиҷаи офати табиӣ ду бинои истиқоматӣ пурра ва се хонаи истиқоматӣ қисман хароб шудааст. Инчунин, заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаш хоҷагӣ зарар дидаанд.
2-уми марти соли 2022 бо мақсади муайян намудани хатари омадани сел барои гузаронидани тадқиқоти муҳандисию геологӣ гуруҳи корӣ аз ҷумлаи кормандони КҲФ ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса рафтаанд. Ду квадрокоптери Кумита барои кофтуков, тадқиқи релефи куҳӣ ва минтақаи пайдоиши сел истифода шудааст.
Санҷиш нишон додааст, ки 15 хоҷагӣ зери хатари сел қарор доранд. Айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия барои дар ояндаи наздик ба минтақаҳои дигари амн кӯчонидани ин хонаводаҳо тадбирҳо меандешад. Ба оилаҳои осебдида аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ ва соҳибкорони хусусии вилоят кумакҳои зарурӣ расонида шудааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, то охири моҳи марти соли ҷорӣ эҳтимоли лағзиши тарма, омадани селу ҳодисаҳои дигаре назири ярч ва болоравии сатҳи оби дарёҳо ва обанборҳо боқӣ мемонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ