Дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов ба дастаи «Ростов» гузашт

Клуби футболи «Истиқлол» ва намояндаи Премйер лигаи футболи Русия клуби футболи «Ростов» аз трансфери дарвозабони дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Рустам Ятимов хабар доданд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки Рустам Ятимов ба дастаи Ростови соҳили Дон, ки онро мураббӣ Валерий Карпин роҳбарӣ мекунад, гузашт. Маблағи трансфери  дарвозабон расман эълон нашудааст, аммо тахмин меравад, ки зиёда аз 250 000 долларро ташкил медиҳад, ҳарчанд Transfermarkt арзиши ин бозигарро 1,2 млн доллар муқаррар кардааст.

Рустам Ятимов аз тобистони соли 2018 дар ҳайати «Истиқлол» ҳунарнамоӣ мекард, ки дар 92 бозии ин даста ширкат карда, дар 39 бозӣ ба дарвозаи худ гол сар надодааст. Дар ин муддат бо ин даста шаш бор чемпиони Тоҷикистон, чор бор соҳиби Ҷоми Тоҷикистон ва Суперҷоми Тоҷикистон шудааст. Бо ин даста ба марҳилаи ҳаштякфинали Лигаи чемпионҳои КФО-2021 роҳхат гирифта буд.

Рустам Ятимов дарвозабони асосии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аст, ки дар 44 бозии даста ширкат кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *