Дарёфти ҷасади духтари 16 – сола аз аз дарёи Кофарниҳон
Ҷасади духтари 16-солаеро, ки чанде қабл эҳтимол худро ба об андохта буд, аз дарёи Кофарниҳон пайдо кардаанд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ин ҷавондухтар сокини ноҳияи Файзобод Исмонзода Нозия Бурҳон будааст.
Ҳодиса рӯзи 6-уми декабр рух дода, ҷасади духтарак рӯзи 11-уми декабр аз ҷониби сокинони маҳаллӣ пайдо шуда, ҳоло он ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шудааст. Сабаби худро ба об партофтани духтар дақиқ нест.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурати ҷавондухтаре паҳн гардида буд ва аз корбарон хоҳиш мешуд, ки барои пайдо кардани ӯ кӯмак кунанд. Дар он зикр мешуд, ки духтар баъди сабти навори кӯтоҳ дар назди дарёи Кофарниҳон бедарак шудааст. Баъди панҷ рӯзи ҷустуҷӯҳои бенатиҷа дирӯз, 11-уми декабр, ҷасади духтарак дар минтақаи Ваҳдат рӯи об баромадааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ