Дарёфти ҷасади марди 48 сола аз руди Ғунд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз дарёфти ҷасади марди 48 — сола хабар медиҳад, ки муддати се моҳ беному нишон буд.

Баъди аз оби соҳил берун овардани ҷасад онро ба шаҳри Хоруғ интиқол доданда, ташхис намуданд. Ташхиси судӣ нишон дод, ки ин мард сокини деҳаи Даштак, ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон  буда, 48 сол умр доштааст. Марҳум аз 25-уми ноябри соли 2019 бедарак буд. Ҳоло маълум нест, ки ин мард худкушӣ кардааст ва ё дар пайи ҳодисаи нохӯше дар об ғарқ шудааст.

Бино ба иттилои котиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, номбурдаро давоми ин се моҳ хешу пайвандон дар ҳамдастӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ меҷӯстанд, аммо ҷустуҷӯҳо бенатиҷа анҷам меёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *