Дарёфти ҷасади писарбачаи дар рӯди Зарафшон ғарқшуда (аудио)
Як сокини 13-солаи ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷекат ҳангоми шиноварӣ дар рӯди Зарафшон ғарқ шудааст. КҲФ сабаби фоҷеаро риоя нашудани қоидаҳои оббозӣ ва беназорат мондани наврас мегӯяд.
— Ин ҳодиса рӯзи 24-уми сентябри соли равон рух додаааст. Бо дарёфти хабар дастаи зудамали наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон ба ҷойи ҳодиса расид ва корҳои ҷустуҷӯиро ба роҳ монд. Рӯзи аввал ҷустуҷӯҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд ва рӯзи дуюм соати 09:00 ҷасади писарбачаи ғарқшуда пайдо ва ба мақомоти дахлдори шаҳр супурда шуд,- меафзояд КҲФ.
Бояд гуфт, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста волидонро хотиррасон мекунад, то фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд. Ба таъкиди ин ниҳод, бахусус рафтани онҳо ба соҳили обҳо бояд ҳатман бо раҳнамоии калонсолон бошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ