Дарёи Душанбе ҷонамро кай мегирӣ?
Ҷавонеро бо тамоми ҳастӣ дӯст медорам. Девонавор ошиқаш ҳастам, ба қавли худаш ӯ низ мафтуну шайдои ман аст, вале падару модараш аз хешу табори худашон келин кардан мехоҳанд.
Аз мубориза бурдан барои ин ишқи бемурод хаста шудаам. Ҷавони дӯстдоштаам маро тасаллӣ дода мегӯяд, ки албатта ягон роҳашро ёфта бо ман хонадор мешавад, вале медонам, ки аз дасти ӯ ҳеҷ кор намеояд. Волидони дӯстдоштаам дар ду дунё маро келин намекунанд, чунки дар авлоди онҳо то имрӯз касе бо бегона қудо нашудааст. Зиндагӣ бе дӯстдоштаам барои ман аз марг ҳам бадтар аст. Маргро аз чунин зиндагии бе умед ва бемаънӣ авло дониста, дигар ҳатто як лаҳза дар ин дунёи бевафо зистан намехоҳам, аммо аз ҳаром мурдан метарсам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ҳар дафъаи дар кӯчаю пасткӯча рӯ ба рӯ заданамон модару хоҳарони дӯстдоштаам маро дашному ҳақорат дода, талаб мекунанд, ки ӯро ба ҳоли худаш гузорам. Суханони нешдори онҳо аз ҷавшани ҷонам мегузарад. Магар ман гунаҳкорам, ки писари онҳоро бо амри тақдир аз ҷони ширинам бештар дӯст доштаам? Шуълаи умед кайҳо дар дилам мурдааст. Медонам, ки мо дар ду дунё ба висоли ҳамдигар намерасем, барои ҳамин мехоҳам бо воситаи ҳафтаномаи “Оила” ба азизи дилам бахти чун барф сафед орзу кунам. Се бор шуд, ки ба лаби дарё Душанбе меравам, то ба ин моҷаро нуқта гузорам, вале тарс аз Худованди якто маро аз худкушӣ бозмедорад. Илтимос, роҳи наҷотро ба ман нишон диҳед, вагарна худро ба коми амвоҷи дарёи Душанбе мепартоям, то аз ин ишқи пурсӯзу гудоз ва пурмоҷаро халос шавам!
Лола, аз маҳаллаи “Нагорний”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ