Дасисаи нави Гулбиддин Ҳикматёр
Гулбиддин Ҳикматёр, сиёсатмадори ҷанҷолии Афғонистон гуфтааст, ки эҳтимол ҳавопаймоҳои бесарнишин аз хоки Покистон ё Тоҷикистон вориди ин кишвар мешаванд.
Ин нуктаро дар Тоҷикистон дасисаи нави Ҳикматёр медонанд, ки яке аз душманони ғаддори кишвари мост.
Чанд ҳафта боз расонаҳои Афғонистон аз гардиши ҳавопаймоҳои бесарнишин дар фазои Афғонистон хабар медиҳанд. Мақомоти Толибон мегӯянд, бесарнишинҳо аз Амрико ҳастанд, вале баҳс бештар сари ин аст, ки онҳо аз хоки кадом кишвар вориди Афғонистон мешаванд.
Гулбиддин Ҳикматёр, ки бештар аз мавқеи Толибон пуштибонӣ мекунад, дар хутбаи намози рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта гуфтааст, “ду эҳтимол вуҷуд дорад; ё ин ки бесарнишинҳо аз тариқи Покистон аз Доҳа вориди ҳарими ҳавоии Афғонистон мешаванд ва ё ҳам аз Тоҷикистон”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ