Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз Дубай ба Абу Заби рафт

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб тамринҳои дастаҷамъонаи хешро зери роҳнамоии мутахассиси хорвати Петар Шегрт ба анҷом расонида, ба Абу Заби сафар кард.

Даста дар Абу-Заби марҳилаи дуюми омодагиро ба Ҷоми Осиё-2023 мегузаронад. Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар аз 12-уми январ то 10-уми феврал миёни 24 дастаи мунтахаб баргузор мегардад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бори нахуст дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад, бозии аввалашро рўзи 13-уми январи соли 2024 бо дастаи мунтахаби Чин дар варзишгоҳи “Абдулло бин Халифа” мегузаронад. Шогирдони Шегрт дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳи рўзи 17-уми январ бо мизбони мусобиқот — тими миллии Қатар дар варзишгоҳи бошукуҳи “Ал-Байт” ва рўзи 22-юми январ бо Лубнон дар варзишгоҳи “Ал-Тумама”-и шаҳри Давҳа бози мекунанд.

Дар маҷмуъ, дар як соли охир дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорвати Петар Шегрт 9 бози анҷом дода, дар 3 бози пирўз шудааст (Сингапур — 2:0, Малайзия — 2:0, Покистон — 6:1), чор бозиро мусови анҷом дода (АМА — 0:0, Туркманистон — 1:1, Уммон — 1:1 ва Урдун — 1:1), дар ду рақобат (Кувайт — 1:2, Ӯзбекистон — 1:5) шикаст хўрдааст.

Чанде пеш Созмони ҷаҳонии футбол (FIFA) раддабандии охирини дастаҳои мунтахабро дар соли 2023 нашр кард, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 1195,07 имтиёз дар ҷойи 106-ум қарор гирифтааст. Байни дастаҳои Осиё Тоҷикистон дар зинаи 19-ум аст. Як сол пеш Тоҷикистон дар зинаи 108-ум қарор дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *