Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар «Ҷоми Мердека» ширкат мекунад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар 42-юмин мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека», ки дар моҳи сентябр баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Дар ин мусобиқ ба ҷуз аз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон тимҳои миллии Малайзия, Лубнон ва Филиппин ширкат мекунанд. Тибқи низомнома дастаҳо ду ҷуфти даври ниманиҳоиро ташкил дода, сипас ғолибон дар финал ва мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм вомехӯранд. Мусобиқаи «Ҷоми Мердека» аз 2 то 10-уми сентябр дар Куала-Лумпур баргузор мешавад.

Тими миллии Тоҷикистон барандаи феълии «Ҷоми Мердека» мебошад. Соли гузашта дастаи Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Петер Шегрт дар финали мусобиқа бар Малайзия бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буд.

Бояд гуфт, ки рақибони дастаи Тоҷикистон дар даври гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 25-уми марти соли 2025-уми шуруъ мешавад, 19-уми декабр маълум мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *