Дастаи Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонӣ ноком шуд

Шаби гузашта дастаи футболбозони навраси Тоҷикистон дар доираи даври сеюми Бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасони то 17-сола аз дастаи Аргентина бо ҳисоби 1 бар 3 мағлуб гардид.

Ҳарчанд барои футболбозони тоҷик имконияти зиёди голзани мавҷуд буд, аммо онҳо тавонистанд танҳо яктошро ба самар расонанд.

Ҳамин тавр дастаи футболбозони навраси то 17-солаи Тоҷикистон (U-17) дар даври ниҳоии мусобиқоти гуруҳӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2019 дар Бразилия аз тими Аргентина шикаст хӯрда ва дар гуруҳи «Е» соҳиби ҷои сеюм гардида, аз роҳхат ба марҳалаи ҳаштякниҳоӣ ва ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Дар бозии дуюми ин гурӯҳ дастаи Испания бар дастаи Камерун бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ба ин тартиб, дар гуруҳи «Е» Испания ва Аргентина, ки ҳарду 7-имтиёзӣ ба даст оварданд, соҳиби ду ҷои аввал шуданд ва ба марҳалаи ҳаштякниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Тоҷикистон, ки дар даври якум бар Камерун бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, дар даври дуюм аз Испания бо ҳисоби 1:5 шикаст хӯрд, дар ниҳоят бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм ҷой гирифт.

Дастаи мунтахаби Камерун, ки ҳар се бозиашро бохт, дар мақоми охирини ҷадвал ҷойгир шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *