Дастаи Тоҷикистон Ӯзбекистонро мағлуб кард
Дастаи яккачини ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар даври ниҳоии мусобиқоти гурӯҳӣ рақибони худ аз Узбекистонро дар варзишгоҳи Ҳисор бо ҳисоби 1:0 шикаст до два ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё -2018 роҳ ёфт. Тӯби ягонаро дар ин бозӣ футболбози узбек Дилшод Саидов дар дақиқаи 56-ум ба дарвозаи худашон зад.
Дастаи футболбозони ҷавони то 19-солаи Тоҷикистон дар даври ниҳоии мусобиқоти гурӯҳӣ бар дастаи Узбекистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Дастпарварони сармураббии тими Тоҷикистон Мубин Эргашев бо шарофати ин пирӯзӣ ба марҳалаи ниҳомии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки соли оянда дар Индонезия доир мешавад, роҳхат гирифтанд.
Тӯби ягонаро дар ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи марказии Ҳисор доир шуд, футболбози тими Узбекистон Дилшод Саидов дар дақиқаи 56-ум ба дарвозаи худашон зад.
Ба ин тартиб, дар гурӯҳи «В” Тоҷикистон бо 10 имтиёз ҷои аввалро ба даст овард. Узбекистон бо 9 имтиёз ҷои дуюм ва Бангладеш бо 7 имтиёз ҷои сеюмро гирифтанд. Датсаҳои Шри Ланка ва ҷазираҳои Малдив, ки ҳамагӣ якимтиёзӣ ба даст оварданд, мутаносибан дар мақомҳои чорум ва панҷуми ҷадвали гурӯҳи «В” ҷойгир шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ