Дастгирии муфтии Маскав аз муҳоҷирон
Шамил Аляутдинов, муфтии масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав зимни як муроҷиати худ муҳоҷирони меҳнатиеро, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия омадаанд, ҷонибдорӣ намуд.
Шамил Аляутдинов дар баромадаш қайд кардааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёт ва пешравию ободонии Русия нақши хеле муҳим доранд. Ба ин кишвар нур ва сафо меоранд, аммо мардуми маҳаллӣ баҳудаю беҳуда дили онҳоро меранҷонанд, озор медиҳанд. Муфтии Маскав ба муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки аз мардуми рус наранҷанд.
Ӯ муҳоҷиронро ба сабурӣ даъват намуда, гуфтааст: «Дар Русия мардум камтар табассум мекунанд, чунки минталитети мо як андоза сард аст. Аммо Осиёи Миёна сарзамини меҳмоннавоз буда, мардумонаш хеле самимӣ ва табиатан меҳрубонанд. Онҳо ҳамеша чеҳраи кушода доранд ва бо худ ба сарзамини мо нуру сафо меоранд…”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ