Каллоб

Дастгиршавии қаллоб пас аз 10 сол

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 56-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаҳои 314 қисми 1 ва 245 қисми 2 суд шудааст, бо гумони қалобӣ дастгир намуданд.

Номбурда, солҳои 1996-2008 ҳамчун раиси ҶСП “Урунхоҷаев” фаъолият намуда, соли 2008 бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 30000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *