Дастгиршавии дуздхонум
Бино ба маълумоти ВКД, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 25-солаи сокини ноҳияи мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 19-уми апрели соли 2018, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз ҷайбаш 2400-сомонӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-Галакси-3”, арзишаш 1750-сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 4150-сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Кормандони милитсия зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 25-солаи сокини шаҳри Душанберо бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.
Нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ