Дастгиршавии дузди ноболиғ
Ба ШВКД дар шаҳри Қурғонтеппа хабар расид, ки шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи марди 20-солаи сокини ноҳияи Вахш, бо номи “Асадулло”, воқеъ дар кӯчаи Айнии шаҳри Қурғонтеппа шуда, аз он ҷо маводҳои хӯрока, камераҳои мушоҳидавӣ, ду адад телефони мобилӣ ва маблағи пулӣ, ҷамъ ба маблағи 3 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбари ҳодисаи дуздии мазкур писарбачаи 14-солаи сокини ноҳияи Бохтар дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ