Дастгиршавии кормандони ФСБ барои одамкушиву одамрабоӣ ва тамаъҷӯӣ

Муфаттишони Русия чаҳор корманди пешини Хадамоти федеролии амниятро ба куштор, одамрабоӣ ва тамаъҷӯӣ муттаҳам карданд. Праванда барои эълони расмии ҷурм ба додситонӣ интиқол меёбад. Дар ин бора нашрияи «Коммерсант» рӯзи 22-юми август гузориш дод.

Тафтишот иттиҳомро алайҳи лейтенант Алексей Коротков ва прапоршик Евгений Гладких дар ҳоле эълон кард, ки онҳо корманди амалкунандаи Хадамоти федеролии амнияти Русия буданд. Ба ин гурӯҳ, инчунин, як корманди пулис, мураббии самбо ва як нафари бекор шомил буд.

Ин гурӯҳ соли 2008 ба ҳамла ва ғорати шаҳрвандоне, ки пулҳоро аз роҳи ғайриқонунӣ нақд мекарданд, машғул буд. Аъзои гурӯҳ барои тарсонидани бизнесменҳо муҳоҷирони кориро мекушт.

Дар парванда мавриде ҳаст, ки онҳо ба як муҳоҷири корӣ либоси расмӣ пӯшонда, баъдан барои эҷоди ҳарос ӯро дар пеши чашми як тоҷир, ки ин гурӯҳ аз ӯ пул мехост, ба қатл расонданд.

Ба гуфтаи тафтишот, муттаҳамон соли 2008 сандуқи оҳании як ширкати тиҷоратиро ба яғмо бурданд ва соли 2016 дар бораи минакорӣ шудани як тарабхона хабари бардурӯғ пахш карданд. Ду нафари онҳо ҳамчунин ба куштори як зан аз Тюмен муттаҳам мешаванд.

Ба навиштаи «Коммерсант», ин гурӯҳ баъди силсилаи ҳамлаҳои пурсарусадо ба ронандаҳои таксӣ фош шуд. Онҳо соҳибони таксиҳоро мекуштанд, то мошинро барои содир кардани ҷиноятҳои дигар истифода кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *