Дастгиршавии марди тамаъҷӯ

Бино ба маълумоти ВКД, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 47-солаи сокини ш.Турсунзодаро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир намуданд.

Номбурда, 10-уми апрели соли 2018 ҳангоми дар назди маркази савдои “Садбарг”-и шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо зани 30-солаи сокини шаҳри Роғун шинос шуда, ӯро ба оғӯш гирифта, сипас бо телефони мобилиаш акс гирифтааст.
Баъдан, рӯзи 12-уми апрели соли 2018, номбурда ба ӯ занг зада, бо таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ 3000-доллари амрикоӣ талаб кардааст.
Санаи 8-уми майи соли 2018, номбурда ҳангоми аз зани мазкур гирифтани 400-сомонӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *