Дастгиршавии қотил пас аз 12-соли куштор
Мақомоти вилояти Суғд баъди 12 сол қотилони як зани сокини шаҳри Конибодомро ошкор карданд. Сулҳиддин Ҳоҷибобоев бо ҳукми додгоҳи вилоят барои ин куштор ва ғорати муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба 22 соли зиндон маҳкум шуд.
Додгоҳи вилояти Суғд сокини 37-солаи шаҳри Конибодом Сулҳиддин Ҳоҷибобоевро бо ҷурми даст доштан дар як силсила ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла одамкушӣ, одамрабоӣ, роҳзанӣ ва тамаъҷӯӣ ба 22 соли зиндон маҳкум кард.
Шабакаи телевизионии СМ-1 дар як гузориши вижа гуфт, Сулҳиддин Ҳоҷибобоев 12 сол баъд аз як куштори бераҳмонааш ба даст афтодааст.
Ба гуфтаи тафтишот, Сулҳиддин Ҳоҷибобоев соли 2005 хабар меёбад, ки дар хонаи Руқия Иброҳимова, соли таваллудаш 1951, як сокини шаҳри Конибодом 70 ҳазор рубли русӣ мавҷуд аст. Ӯ бародараш Садриддин Ҳоҷибобоев (с.т. 1976) ва Дилшод Исҳоқов (с.т. 1979)-ро шарик гирифта, шаби 17 марти соли 2005 ба манзили Иброҳимова ҳамла мекунанд.
СМ-1 дар гузоришаш мегӯяд, вақте ғоратгарон ба мақсади худ – ба даст овардани пул – нарасиданд ва болои ин диданд, ки соҳибхона онҳоро шинохт, даст ба ҷинояти боз ҳам вазнинтар – куштор заданд. Онҳо Руқия Иброҳимоваро бӯғӣ карда, куштанд. Шавҳари ин зан Иброҳим Иброҳимов, соли таваллудаш 1946, низ мавриди латукӯби шадид қарор гирифта, маъюб шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ