Дастгиршавии қотил пас аз 17 соли куштор
6-уми марти соли 2018, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини кӯчаи 40-солагии Октябри шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ ва куштор дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 9-уми январи соли 2001, тахминан соати 14:00-дақиқа, дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ марди 52-солаи сокини кӯчаи У.Хайёми пойтахтро, ки ба фаъолияти иваз намудани маблағҳои асъори хориҷӣ машғул будааст, бо воситаи корд ба қатл расонида, 3000-доллари амрикоиро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳолат аз тарафи Прокуратураи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ