Дастгиршавии табибе, ки боиси марги духтарча гашт

Як пизишки тоҷик барои марги духтари дусолаи зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд боздошт шудааст.Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин табиб дар бемористони кӯдаконаи шаҳри Хуҷанд кор мекард. Дар ҳоли ҳозир ин пизишк барои “иҷро накардани вазифааш” муттаҳам аст. Аз ӯ ному насаб бурда намешавад. Мақомот мегӯянд, ин пизишк рӯзи 12 марти имсол ҳангоми навбатдорӣ нисбат ба беморӣ ва сарнавишти духтари дусола “бепарвоёна” рафтор кардааст. “Дар натиҷа, духтари хурдсол, бинобар сари вақт табобати зарурӣ нагирифтан, рӯзи 14 март, вафот кардааст”. Таҳқиқи қазия ҳанӯз ба итмом нарасидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *