Дастгиршавии зане, ки шавҳарашро бо санг зада кушт
Як зани 34-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қатли шавҳараш боздошт шудааст. Мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, ки ҳодиса ду соли пеш рух дода буд.
Ба қавли манобеи Вазорати корҳои дохилӣ, ин зан моҳи сентябри соли 2016 аз хоб будани шавҳараш истифода карда, чанд дафъа бо санг ба сари ӯ задааст. Дар натиҷа мард дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.
“Баъдан, зан замини ҳуҷраи хобро канда, ҷасади шавҳарашро зери хок карда, болояшро бо семент ҳамвор кардааст”, — гуфтанд дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Мақомот мегӯянд, ҳангоми таҳқиқи ҳодиса аз ҳуҷраи хоби зан устухонҳои ҷасади шавҳараш пайдо шуда, ҳоло мавриди ташхис қарор дорад.
Мақомот мегӯянд, ки солҳои охир куштори ҳамсарон ба дасти якдигар афзудааст. Сабаби чунин ҳолат баҳси молӣ, рашку хиёнат ва ҷанҷоли хонаводагӣ гуфта мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ