Дасти намунаи нави бионикӣ бори нахуст дар Тоҷикистон
Нахустин маротиба дар Тоҷикистон ба ду кӯдаки то 10-сола дасти намунаи нави бионикӣ гузошта шуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба Pressa.tj иттилоъ доданд, дасти намунаи нави бионикӣ зимни машғулияти амалӣ байни мутахассисони Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»- и шаҳри Душанбе ва ширкати «Моторика»- и шаҳри Москваи Федератсияи Русия гузошта шудааст.
Баъди ба итмом расидани машғулият 10 нафар мутахассисони тоҷик бо сертификати ширкати «Моторика» сарфароз гардонида шуданд.
Бояд гуфт, ки дасти бионикӣ намунаи анатомияи инсон мебошад. Бо дасти бионикӣ ҳама ҳаракатҳоеро, ки дасти ҳақиқӣ карда метавонад, анҷом додан мумкин аст. Он ба торҳои асаби инсон пайваст мегардад. Ашё бо дасти бионикӣ ҳис карда мешаванд ва кафолат дода мешавад, ки онҳо дақиқан ашёро бо ин даст дошта метавонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ