Дастовардҳои Академия дар самти омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ
Имрӯз, 15-уми феврали соли 2022 ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ зимни нишасти матбуотии Академия дар самти омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар соли 2021 иброз дошт, ки дар давоми соли сипаришуда 8 нафар унвонҷӯи Академия рисолаҳои номзадии худро бо муваффақият дифоъ намуданд. Аз ҷумла, Саидмухторов А. А., Саидмирова Ф., Носирова Ф., Олимов Д., Бобозода А. О., Шеров Ш., Мазарипов М. ва Асоев М.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки 3 нафар кормандону омӯзгорон Ғоибназарзода С. М. — директори Пужуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, Ализода Б. П. — и.в. сарходими илмӣ-профессори Пужуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, Абдулхонов Ф. — ходими пешбари илмӣ-дотсенти Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” диссертатсияҳои докториро омода намуда, ба пешдифо пешниҳод намудаанд. 4 нафар унвонҷӯён Гулихандони М., Раҳимов Ф., Ҳомидзода Ҳ. Х. ва Малоҳати Р. рисолаҳои номзадии худро барои пешдифо пешниҳод намудаанд.
Дар соли 2022-юм 7 нафар унвонҷӯи Академия, ки фоизнокии иҷрои рисолаи илмиашон аз 90% боло аст, рисолаҳои илмии худро барои ҳимоя пешниҳод менамоянд.
Ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки дар Академия аз рӯйи 19 ихтисос 151 нафар унвонҷӯ дар курсҳои 2-юм ва 3-юм ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз теъдоди 151 нафар унвонҷӯ 119 нафар ройгон ва 32 нафар шартномавӣ таҳсил менамоянд. Дар зинаи докторантура (PhD)-и Академия аз рӯйи 9 ихтисос доктарантон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд ва айни замон дар ин зинаи таҳсилот 49 нафар докторант таҳсил карда истодаанд. Аз 49 нафари онҳо 41 нафар дар гуруҳҳои ройгон ва 8 нафар дар гуруҳҳои пулакӣ таҳсили илм карда истодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ