Дастоварди хонандагони Душанбе дар олимпиадаи Анталия
39 нафар аз хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмиллалӣ, ки дар шаҳри Анталия баргузор гардид, ҷойҳои ифтихорӣ ба даст оварданд.
Хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар ин олимпиада аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, химия ва биология ширкат варзиданд.
Олимпиадаи байналмиллалӣ дар Анталия аз 31 октябр то 7 ноябр доир шуда, дар он 59 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ширкат намудаанд.
Ҳамзамон, хонандагони шаҳри Душанбе дар ин олимпиада аз фанни забони англисӣ соҳиби Ҷоми Олимпиадаи мазкур гаштанд. Ғолибони иштирокчиёни Олимпиадаи байналмиллалиро дар Душанбе роҳбарияти Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе, омӯзгорону наздикону пайвандонашон пешвоз гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ