Дастрасии рӯзноманигоронро ба маълумот маҳдуд карданианд
Дар Қазоқистон ҳукумат пешниҳод дорад, ки бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ қоидаҳои иҷозати рӯзноманигоронро ба бозтоб ва ё иштирок дар чорабиниҳо сахттар карда шавад.
Лоиҳаи тағйири қарори ҳукумат дар ин замина 13 феврал дар портали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нашр шудааст. Бар пояи яке аз бандҳои он, рӯзноманигорро метавонанд, ба биное роҳ надиҳанд, ки дар он ҷаласа ё чорабинӣ баргузор мешавад.
Рӯзноманигор ҳангоми дарёфти иҷозати вуруд бояд забонхат диҳад, ки тартиботи дохилӣ ва барномаи муайянкардаи созмондиҳандагони чорабиниро риоя мекунад. Ҳамчунин бояд нусхаи санадеро пешниҳод кунад, ки қарордоди ӯро бо корхонааш тасдиқ менамояд.
Агар рӯзноманигор қоидаҳоро нақз ё маълумоти нодурустеро нашр кунад, ки ба обурӯи созмондиҳандагони чорабинӣ — ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ латма мезанад, иҷозатномааш бозхонда хоҳад шуд.
Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон Сайидқозӣ Матаев бо танқиди пешниҳод дар суҳбат бо хабаргузории КазТАГ гуфт, аз рӯзноманигор талаб кардани забонхати риояи тартиботи дохилии макони чорабинӣ то ҳол дар ин кишвар вуҷуд надошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин талаби нусхаи санаде, ки қарордоди рӯзноманигорро бо расона тасдиқ менамояд, болои рӯзноманигории шаҳрвандӣ хатти бутлон хоҳад кашид.
Рӯзноманигори қазоқ Алберт Ахметов пешниҳодро «сензураи ошкоро ва эҷоди монеа ба фаъолияти касбии рӯзноманигорон» номидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ