Дасту по буридани Толибон нақзи дағалонаи ҳуқуқи инсон аст…

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико таъкид дорад, ки кишвараш ин иқдомоти “Толибон”*-ро ба шиддат маҳкум мекунад

 Нед Прайс, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, ки кишвараш азсаргирии эъдом ва буридани дасту пой ба унвони муҷозот тавасути гурӯҳи “Толибон”*-ро ба шиддат маҳкум мекунад.

«Мо аз сар гирифтани буридани дасту пой ва эъдом дар Афғонистонро шадидан маҳкум мекунем. Чунин амалҳои “Толибон”* нақзи дағалонаи ҳуқуқи инсон аст. Мо тасмим гирифтем, ки ҷинояткоронро ба ҷавобгарӣ кашем», — гуфт ӯ.

Дар мусоҳиба бо хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” Мулло Нуриддин Торабӣ хашми ҷаҳонро аз эъдомҳои Толибон дар гузашта беасос хонд ва ҷаҳонро ҳушдор дод, ки ба умури ҳокимони нави Афғонистон дахолат накунанд.

Вай таъкид кард, ки агар ҷазоҳои исломӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сурат гиранд, ба одамон иҷоза дода мешавад, ки аксҳо ва наворҳо бигиранд, то «таъсири боздоранда» -и он дар ҳама ҷо паҳн шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *