Дастурамали нав: Занги охир ҳамагӣ 45 дақиқа гузарад ва пулҷамъкунӣ манъ аст! (аудио)
Чорабинии «Занги охир» дар саҳни мактаб баргузор шуда, бегонагон ба ҳудуди мактаб роҳ дода намешаванд.
Ин нукта дар дастурамали Вазорати маорифи халқии Ӯзбекистон ҷиҳати баргузории маросими хатми мактаб, яъне «Занги охир» омадааст.
Вазорат ин дастурамалро ба ҳамаи мактабҳои миёна ирсол кардааст. Дар асосси дастурамал, чорабинӣ дар саҳни мактаб баргузор мегардад ва бегонагон ба ҳудуди мактаб роҳ дода намешаванд.
«Занги охир» аз соати 8:00 то 8:45 дақиқа давом мекунад. Дар маросим ба хонандагони пешсаф сипосномаҳо тақдим мегардад.
«Хотиррасон мекунем, ки дар ин маросим ҷамъоварии маблағ аз хонандагон қатъиян манъ аст»,- хабар додааст Вазорати маорифи халқии Ӯзбекистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ