Дастури Президент барои нашру тақсими ройгони “Шоҳнома” ба ҳар оилаи тоҷик

Асари “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба ҳар як оилаи Тоҷикистон  ройгон паҳн карда мешавад. Ин иқдом  ба хотири огоҳии бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш арзёбӣ мешавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур дод, ки “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.

Иқдоми мазкурро Сарвари давлат дар шинохти дурусти гузашта ва арзишҳои фарҳангии хеш муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

“Ман дар мулоқоту суханрониҳои худ ҳанӯз аз оғози фаъолиятам ба ҳайси роҳбари давлат борҳо иброз дошта будам, ки мо бояд кӣ будани аҷдодамон ва худамонро донем, яъне решаҳои худро шиносем, ба онҳо арҷ гузорем ва аз насли ориёӣ, яъне ориёитабор буданамон ифтихор намоем”, — таъкид дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *