Дастури Шералӣ Мирзо ба комиссарони ҳарбӣ
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо иштироки комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷаласа баргузор гардид. Дар ин ҷаласа вазири мудофиа Шералӣ Мирзо аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар баробари комёбиву пешравиҳои назаррас, ҳамоно дар фаъолияти баъзе аз комиссияҳои даъватӣ як қатор камбудиҳо вуҷуд доранд.
Шералӣ Мирзо барои бартараф намудани ҳама гуна монеаву мушкилоти ҷойдошта ба масъулини комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, барои сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ супориш додааст.
Вай аз комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат даъват кардааст, ки бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аҳли ҷомеа ва мардум, ҷавонписарони синни даъватӣ, волидони онҳо, мақомоти масъули вобастаи даъват ва дигар афроди некбини ҷомеаи имрӯза ҳамкориву ҳамоҳангиро ҳамаҷониба таҳким бахшида, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳои ташвиқотиву тарғиботиро дар байни аҳолӣ ба таври густурда роҳандозӣ намоянд.
Вазири дифоъ инчунин бо ёдоварӣ аз муроҷиати шаҳрвадон ба унвонии ӯ таъкид намуд, ки дар ҳамаи комиссариатҳои ҳарбӣ бобати муроҷиати мардум, ки ба масъалаи даъват ва ба самту соҳаи комиссариатҳои ҳарбӣ вобастагӣ доранд, диққати ҷиддӣ равона карда шуда, дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда, бобати ҳалли мушкилоти шаҳрвандон сари вақт чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамчунин масоили вобаста ба тартиби дуруст ба роҳ мондани бақайдгирии шаҳрвандон, омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, ба талабот ҷавогӯ намудани нуқтаҳои даъват, интихобу ба сафи артиш фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат, пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват масъалаҳои муҳиму баррасишавандаи ҷамъомад будаанд.
Ҳамчунин, дар ин ҷаласа масоили ҷалби қувваҳои эҳтиётӣ, ташкилу баргузор намудани ҷамъомаду машғулиятҳои нақшавӣ, дар шаҳру ноҳияҳо дақиқан муайян кардани шумораи захираҳои сафарбарӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳама гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва диққати аввалиндараҷа равона кардан ба сатҳу сифати даъвати ҷавонписарон низ матраҳ гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ