Даурен Нисинбаев: Таҷрибаи Қазоқистонро дар Тоҷикистон амалӣ мекунем

Даурен Нисинбаев, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи раёсати Freedom Bank  дар Тоҷикистон дар Форуми байналмилалалии “Digital Tajikistan” иштирок ва суханронӣ кард.

Ӯ гуфт, ки ба наздикӣ Freedom Bank барои фаъолияти бонкӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома гирифт. Бинобар ин, номбурда дар бораи рушди хизматрасониҳои ин бонк дар асоси таҷрибаи амалии Қазоқистон назари худро баён кард.

“Ҳоло дар Тоҷикистон бисёр корҳои муҳимро анҷом додан мумкин аст. Махсусан, ба аҳолӣ хизматрасониҳои бонкие пешниҳод кардан мумкин аст, ки дар Қазоқистон бомуваффақият амалӣ  шудаанд. Аз ҷумла, бояд мавҷудияти тамоюли устувори афзоиши ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиётро қайд кард. Дар робита ба ин, мо барои сохтани маҳсулоти кортӣ кор карда истодаем. Мо имконияти рушди қарздиҳии ипотека ва дигар хизматрасониҳои молиявиро меомӯзем»,-гуфт Даурен Нисинбаев.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш аввалин Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan»дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон ва Бонки миллӣ баргузор шуд.

Дар ин форум  беш аз 1000 нафар намояндагони ширкатҳои бонуфуз ва мақомоти давлатӣ аз 26 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Баромадкунандагони форум дар баробари дастовардҳо дар соҳаи технологияи рақамӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалро низ пешниҳод карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *