Даъват 70 % иҷро шуд
Дар Тоҷикистон қаблан қонуни нави ҳарбӣ ба тасвиб расид, ки мувофиқи он дар артиш хизмати пулакӣ ворид шуд
Аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки то имрӯз маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 70 фисади нақшаро иҷро карданд.
Ба иттилои манбаъ, ВМКБ сад дарсади нақшаро иҷро карда, навоҳии тобеи марказ аз уҳдаи иҷрои 85, 3 дарсади нақша баромадаанд.
Аз рӯзи оғози маъракаи даъватӣ то ин дам иҷрои маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Суғд 53,3 фоиз иҷро шуд.
Вилояти Хатлон 65 дарсад ва шаҳри Душанбе сад фоизи нақшаро иҷро намудааст.
Феълан дар Тоҷикистон даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона ҷараён дорад.
Даъвати имсолаи ҷавонон ба сафи артиш бо тартиби нав доир мешавад.
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон қаблан қонуни нави ҳарбӣ ба тасвиб расид, ки навгонии асосии он хизмати пулакӣ мебошад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ