Даъват ба баҳс Либоси миллии мардона чаро аз он ор мекунем?
Ҳамасола роҳбарони мақомоти ҳукуматию давлатӣ маъракаи тарғибу ташвиқи эҳёи либоси миллӣ мекунанд, вале ҳамеша аз занон мегӯянд. Инчунин, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қароре бароварда шуд, ки аз мактабҳои миёна то донишгоҳу донишкадаҳо аз толибилмон то омӯзгорон сар карда, аз 1-уми март то баохиррасии Наврӯзӣ хуҷастапай, яъне 1-уми апрел бо либоси миллӣ (атласу адрас ва чакан) ба дарсҳо ҳозир шаванд. Иқдомест, ки ҷонибдораш ҳастем. Аммо дар қарори мазкур ва дигар низомномаю дастурҳои озмунӣ ишорае дар бораи либоси мардонаи миллӣ вуҷуд надорад. Саволе ба миён меояд, ки оё мо мардони тоҷик либоси миллии худро надорем, ки дар маросиму маъракаҳои расмӣ, мактабу донишкадаҳо боифтихор ба бар кунем? Маҳз ҳамин андеша моро водор сохт, ки бо як савол миёни мардум назарсанҷӣ баргузор намоем: «Чаро тарғиби пӯшидани либоси миллиро фақат ба духтарону занони тоҷик раво мебинему ба мардони тоҷик не?»
Инак, диду андешаи чанд нафари онҳоро манзури хонандагон ва мутахассисону масъулони соҳаи мардумшиносию фарҳангшинос ва тарроҳони тоҷик мегардонем.
Шарифҷон Ҳусейнзода, рӯзноманигор:
— Мақсад аз пӯшидани либоси миллӣ муаррифӣ кардани фарҳангу ҳунар ва санъати волои мардуми тоҷик мебошад ва бояд он либосҳоеро ба бар кард, ки арзишҳои фарқкунандаи ахлоқиву фарҳангии миллатамонро инъикос карда тавонад.
Чӣ либоси мардона ва чӣ занона баҳору рӯзи нав ва зиндагии навро таҷассум мекунанд. Боиси таассуф аст, ки дар ибтидои асри ХХ, пас аз пойдор гардидани ҳокимияти шӯравӣ, либосҳои миллии тоҷикӣ, бахусус мардонааш, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт.
Алҳол дар замони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ либосҳои миллии занони тоҷик эҳё гардида, дар маросиму идҳо ва ҷашнҳои миллӣ назаррабоӣ мекунанд, ки хеле нишотовар аст. Ба фикрам, агар тарроҳон унсурҳои ҷолибу куҳнанашудаи дӯхти либосҳои мардонаро дар либосҳои аврупоии барои мо маъмулшуда истифода баранд, шояд либоси нави миллии мардонаи худро пайдо намоем.
Бурҳониддин Каримзода, сокини шаҳри Ваҳдат:
— Мо ҳама гӯё барои тарғиби либоси миллӣ саъю талош дорем, вале ба бонувону духтарони тоҷик либосҳоеро пешкаш менамоем, ки умуман ба миллати тоҷик бегона аст. Магар онҳоеро, ки бадани худро нимурён намоиш медиҳанд, баиффат гуфтан равост?
Акнун, вақте сухан оид ба мардон меравад, намедонам баъди баҳсу талошҳои навбатӣ боз чӣ гуна навҳои «ҳозирамон»-и ҷомаю ҷелак ё тоқӣ ба мардон пешкаш мешавад. Имрӯз дар миёни мардон (пиру ҷавон) кам нафароне пайдо мешаванд, ки либоси воқеан миллӣ пӯшида гарданд, махсусан дар марказҳои маъмурӣ. Хайр, дар деҳот бисёриҳо ҷомаю тоқӣ ба бар мекунанд, ки хеле зебанда аст ва онро низ аз болои либосҳои аврупоӣ мепӯшанд.
Зумрад Тағойхонова, омӯзгор:
-Аз нуқтаи назари ман, пӯшидани либоси миллӣ барои ҳар як тоҷикдухтуру тоҷикписар хуб аст, зеро онҳо аз гузаштаи худ, аз гузаштаи аҷдодони худ бохабар мешавад. Инчунин, иқдоми мақомоти дахлдор, ки дар бораи пӯшидани либоси миллӣ дар вақти Наврӯз, яъне аз 1-уми март то 1-уми апрел қабул карда шуд, хусусан аз тарафи хонандагон хеле хуб пазироӣ шуд.
Ман ҳамчун як сокини пойтахт, ҳамчун як шаҳрванд, марди тоҷикро бо ҷелаку ҷома дар маҷлисгоҳҳо тасаввур карда наметавонам. Шояд ки дар ҷамъомадҳо, маъракаҳо пӯшидани ҷелак хуб бошад, вале дар маҷлисгоҳҳо ва ё дигар маконҳои расмӣ иштироки мард бо калтачаву камзӯлчаҳо он қадар хуб набошад. Ин хандаовар ҳаст.
Лола Авезова, сокини шаҳри Душанбе:
— Оид ба пӯшидани либоси миллӣ, ки пешниҳоди раиси шаҳр ва қарори қабулкардаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аст, мо ҷонибдорем. Албатта, либоси миллӣ ин танҳо хоси занҳост. Чӣ хел мо метавонем ки аз атлас шиму кастюм дӯхта, ба мардон пӯшонем. Либоси миллӣ ин танҳо хоси занҳост!
Амина Иброҳимова, хонанда, ноҳияи Фирдавсӣ:
— Ин пешниҳоди хеле муфид аст, зеро ман пӯшидани либосҳои миллии тоҷикиро дӯст медорам. Ба зани тоҷик пӯшидани либосҳои миллиамон зебанда аст. Мутаассифона, занони тоҷик ҳоло ба фарҳанги либоспӯшӣ кам аҳамият медиҳанд ва бештар либосҳои аврупоиро ба бар мекунанд.
Шарофат Абдулвоҳидова, корманди нашрияи «Садои мардум»:
— Ба пиндори ман, барои мардон либоси миллӣ зарур нест. Ҳамин шиму костюм беҳтар аст. Ба ягон қолаб ҷой намегирад. Чӣ хел мешавад, ки мард бо ҷелаку ҷома ва дар сар тоқӣ шишта, фаъолият намояд? Фикри шахсии ҳар фард аст, ки хост, мепӯшад, нахост, не. Одам худро бояд озод ҳис намояд. Шояд тарроҳони тоҷик Хуршед Сатторов, Макнуна Ниёзова, Умед Кучкалиев, Мавлуда Ҳамроеваю дигарон дар оянда бо истифода аз унсурҳои куҳнанашавандаи либосҳои ниёкон ва аврупоӣ либосҳои миллии мардонаи ҳозиразамонро офаранд?
Мирзо Рустамзода, шоир ва рӯзноманигор:
— Даст кашидан аз либосҳои миллӣ беҳурматӣ нисбат ба миллат аст. Мо чаро аз баъзе арзишҳои миллии худ ор менамоем? Мо либосҳои милли мардонаи худро дорем. Ҳарчанд дар ҷойҳои расмӣ пӯшидани онҳо чандон қабул набошад ҳам, лекин мо ҳангоми сайругашт ва дар меҳмонӣ бояд пӯшем.
Маълум ки афғонҳою арабҳо ва баъзе мардуми Қафқоз либосҳои миллии худро бемалол мепӯшанд, Аммо дар мо айб будааст. Ман тамоман розӣ нестам, вақте ки зани тоҷик вазифае мегираду ӯ дар тан либоси аврупоӣ дар бораи ифтихороти миллӣ, пеш аз ҳама, дар бораи либоси миллӣ ҳарф мезанад. Магар суханони тарғибу ташвиқомези вай ба сомеон таъсир мерасонад? Ба гумон аст.
Хуллас, масъалаи либоси миллии мардона бисёр муҳиму рӯзмарра аст, эҳё ва такмили онро бояд ба нақша гирифта, амалӣ кардан шаҳр аст. Ба ин муносибат ҳатто шеъре эҷод карда будам, ки чанд мисраашро барои хонандагон манзур менамоям:
Асли худ бояд ки бошем, ҳамзабоно, ҳамватан,
Тоҷикӣ пӯшу сухан гӯ, ёри ҷони тоҷикӣ.
Чеҳра бояд тоҷикона, сирати мо тоҷикӣ,
Рустамона дасту бозуву миёни тоҷикӣ.
Дар замоне ки ҳама олам ҷаҳонӣ мешавад,
Вориди олам бигардед бо ҷањони тоҷикӣ.
Бо забони тоҷикиву Тоҷикистон зиндаем,
Ханда бодо ҷовидона дар лабони тоҷикӣ!
Эмоми НАЗАРИЁН,
Соҳибқирони ЗАФАР,
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ