Даъвати баҳорӣ. Чӣ бояд кард, ки хизмати маҷбурӣ аз байн равад?
Даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид. Дар шаҳру навоҳӣ ҳангоми иҷрои нақшаи даъват серташвиш мешаванд.
Барои он ки дар масъалаи даъват ба Артиш муаммо эҷод нагардад, бармаҳал мебояд муҳаббати хизмати Ватанро дар вуҷуди насли наврас бедор кард. Ҳоло ҳам дер нест. Масалан дар китоби “Забони модарӣ» барои синфи 1, ки муаллифон А. Байзоев, А. Аҳмадбекова, Г. Машокирова, Ҷ. Зубайдова, Ҷ. Абдуллоев ҳастанд, аз китоби 190-саҳифагӣ танҳо дар саҳифаи 30 дар бораи Рӯзи Артиш гуфта шудааст. Дигар дар ягон саҳифа дар бораи хизмати ҳарбӣ не, балки дар бораи орзуи сарбоз шудан ҳатто ҳарфе иншо нашуда. Боварӣ дорам дар синфҳои болоӣ низ чунин аст…
То замоне доя аз волидони тифли навзод «сарбоздор шудед» гӯён шодиёна нагирад, бибиҳо «оянда аскарбача шавад» гуфта, гаҳвора набанданд, дар боғчаву кӯдакистон ҳар ҳафта дар бораи сарбоз шудани писарон дарсҳо ва бозиҳои гуногун ташкил накунанд, дарси омодагии дифои ҳарбӣ соаташ зиёд нагардад, дар донишкадаву донишгоҳ муқаддасоти дифои Ватан ҳамарӯза тарғиб нагардад, имоми масҷиду пирони маҳалла «дифои Ватан муқаддас» гӯён тарғиб накунанд, дар муассисаҳои давлатӣ барои ба кор қабул шудан билети ҳарбиро зарур нашуморанд,… рӯзи марги мардон ҷанозахон нагӯяд, ки «ин шахс дар дифои Ватан фалон солҳо хизмат кардааст», муаммои даъвати хизмати ҳарбӣ боқӣ хоҳад монд.
Ба умеди магистру донишҷӯи бақароршуда нашавем, зеро онҳо бо хоҳиш ариза навишта, тарки донишгоҳу донишкада кардаву ба муҳоҷират рахти сафар мебанданд. То ин синну сол онҳоро нисбат ба хизмати ҳарбӣ мебояд руҳан омода кунем. Танҳо дифои марзу буми кишвар метавонад амнияту осудагии мамлакатро кафил бошад.
Осими ОҚИЛ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ