Даъвати Дилрабо Мансурӣ ба Санкт-Петербург
Сафири Русия дар Душанбе Семён Григорев дар мулоқот бо Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон ба ӯ паёми раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенкоро бо даъвати ширкат дар Форуми занони Авруосиё дар Санкт-Петербург дод.
Ҳамчунин, ҷонибҳо ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф ва фарҳангро баррасӣ кардаанд.
Форуми занони Авруосиё таҳти раёсати Шӯрои Федератсия дар се сол як маротиба баргузор мешавад. Дар назар аст, ки рӯзҳои 18-20-уми сентябр дар шаҳри Санкт-Петербург ин форум баргузор гардад. Дар доираи он ҷаласаи “бистгонаи занон” ва аввалин форуми занони кишварҳои узви БРИКС (давлатҳои узв — Русия, Чин, Бразилия, Ҳиндустон, Африқои Ҷанубӣ) доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Дилрабо Мансурӣ ба 40-гонаи беҳтарини “Занони роҳбари Осиёи Марказӣ” шомил шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ