Даъвати гӯрғӯлисаро Ҳотам Ҳакимов ба Ҳиндустон ва ИМА
Ҳотам Ҳакимов — гӯрғӯлисарои шинохтаи тоҷик ба маҳфилҳои гӯрғӯлисароии ИМА ва Ҳиндустон даъват шудааст.
Бинобар иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Ҳакимов ин даъватҳоро баъди иштирок дар ҷашнвораҳои байналмилалии гӯрғӯлисароии Русияву Туркманистон гирифтааст. Гӯрғӯлисарои 91-сола Ҳотам Ҳакимовро дар Ҷашнвораи байналмилалии гӯрғӯлисароён, ки дар Туркманистон бо иштироки намояндагони 13 кишвар доир шуд, беҳтарин эътироф кардаанд.
Бобои Ҳотам зодаи ноҳияи Варзоб буда, 60 соли умриашро сарфи гӯрғӯлисароӣ кардааст. Вай шаш банд достони машҳури Гӯрғӯлиро аз ёд медонад. Ӯ мегӯяд, ки барои сурудани бандҳои кӯтоҳи достон чор ва бандҳои дигар то ҳафт соат вақт лозим аст. Гӯрғӯлихониро аз бобояш Лойи Кучакшо омӯхта, баъдан ба Бобои Ҳусейн 10 сол шогирдӣ кардааст.
Эмоми НАЗАРИЁН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ