Даъвати нозирони 26 кишвар барои назорати интихоботи парлумонӣ

Нозирони 26 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ барои назорати интихоботи парлумонӣ ба Тоҷикистон меоянд.

Ба гуфтаи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии  Тоҷикистон Махфират Хидирзода, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба 26 давлати хориҷӣ ва чаҳор созмони минтақавию байналмилалӣ барои ширкат дар интихоботи парлумонии ҷумҳурӣ ба сифати нозир даъватнома ирсол кард.

Ҳамчунин, барномаи мобилии «Интихоботи вакилони халқ — 2025» роҳандозӣ шудааст.

«Шаффофият ва ошкорбаёнӣ яке аз принсипҳои асосии баргузории интихобот аст. Дар ин росто, КМИР бо мақсади инъикоси фаъолияти худ сомонаи интернетии худро такмил дод, ки фаъол аст ва тамоми паҳлуҳои фаъолияти онро фаро мегирад»,- таъкид дошт Хидирзода.

Ёдовар мешевем, ки 2-юми марти соли 2025 интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *