Даъвати Помпео барои истирдод накардани уйғурҳо ба Чин

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз кишварҳои дунё даъват кард, ки талаби Чинро барои истирдоди уйғурҳо ба Чин рад кунанд.

Помпео рӯзи 22 сентябр гуфт, маъракае, ки аз сӯи Пекин дар минтақаи Шинҷон амалӣ мешавад, бо терроризм ҳеҷ умумияте надорад ва «талош»-и маҳви фарҳангу мазҳаби ақалиятҳои қавмӣ аст.

«Ман мехоҳам шарҳ диҳам, ки маъракаи таъқибсозандаи Чин дар Шинҷон ба терроризм рабт надорад. Гап аз талоши Чин барои поксозии [ҳуввияти] шаҳрвандони худӣ меравад. Мо аз ҳамаи кишварҳои дунё даъват мекунем, ки талаби Чинро барои истирдоди уйғурҳо иҷро накунанд», — гуфт Помпео.

Котиби давлатии ИМА баъди мулоқот бо вазирони кишварҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар ҳошияи ҷаласоти Маҷмаи умумии СММ — изҳори назар кард.

Коршиносони СММ ва фаъолон мегӯянд, ҳадди ақал як миллион уйғур ва ақалиятҳои қавмии мусалмони дигар ба «урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ» фиристода шудаанд, ки Пекин онҳоро «марказҳои тарбиявӣ» меномад.

Иттилоъ дар бораи боздошти уйғурҳо, қазоқҳо, тоторҳо ва намояндагони ақалиятҳои қавмии дигар, ки асосан мусалмон ҳастанд ва ирсоли онҳо ба «урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ» аз миёнаҳои соли 2017 дар расонаҳо паҳн мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *