Даъвати Президент аз Қазоқистон барои сармоягузории мустақим
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни дидор бо Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон хостори ҷалби сармояи мустақими Қазоқистон ба иқтисоди кишвар ва тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни дидор бо Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон хостори ҷалби сармояи мустақими Қазоқистон ба иқтисоди кишвар ва тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон шуд.
Бино ба гузориши сомонаи Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаст, ки Тоҷикистон омодааст ба сармоягузорони ҷониби Қазоқистон як қатор лоиҳаҳои ояндадорро, аз ҷумла дар соҳаҳои агросаноатӣ, энергетика, саноати сабук, коркарду истихроҷи маъдан ва нақлиёту коммуникатсия пешниҳод намояд.
Зимнан, Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада ва бо Қоҳир Расулзода, ҳамтои тоҷики худ дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки қасд доранд дар зарфи се соли оянда гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Қазоқистонро то 2 миллиард доллари амрикоӣ афзоиш диҳанд.
Феълан гардиши мол миёни ин ду кишвар солона ҳудуди 900 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар поёни музокироти байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳафт санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аз ҷумлаи онҳо Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти саҳомии «Агромашхолдинг- KZ», Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» ва Ҷамъияти саҳомии Ширкати суғуртавию содиротии «КазахЭкспорт» ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Бонки Аврупоии Рушд, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ҷамъияти саҳомии Ширкати суғуртавию содиротии «КазахЭкспорт» мебошад. Санадҳои дигари имзошуда ҳамкориҳои байни ширкатҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар бахши таъминоти автомашинаҳои истеҳсоли Қазоқистон, маҳсулоти консерва ва тиҷорати маҳсулоти хоҷагии қишлоқ фаро мегиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ