“Даъвати шаҳрвандӣ” як оиларо вайрон кард

Мақомоти ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) Мирзомуддин Қаландаровро аз мақоми сардори идораи роҳҳои ин ноҳия ба далели рафтори бадахлоқонааш барканор кардааст.

Гуфта мешавад, занакбозиҳои Қаландаров сабаби вайронии аз оилааш бо се фарзанд ҷудо шудани як котиби ҷамоат шудааст. Робитаи ӯ бо ин зани шавҳардор шаби 24 ба 25 ноябр, вақте фош шуд, ки шавҳари ин зан дар як семинар дар Душанбе қарор дошт ва зан хонаро холӣ ёфта, хушдорашро ба мулоқот даъват кард. Хешовандони соҳиби хона Қаландаровро соати дувоздаҳи шаб ҳамроҳи он зан дастгир ва видео карданд. Аммо Қаландаров гуфтааст, ки ягон гуноҳ надорад: «Ин танҳо даъвати шаҳрвандӣ бо розигии худи шаҳрванд буд, ки бояд дар бораи як масъала суҳбат мекардем. Худаш дарро кушод, ман даромадам.”Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор пешниҳоди Прокуратураи ноҳия дар бораи аз вазифа сабукдӯш кардани сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Сангвор Мирзомуддин Қаландаровро баррасӣ карда, ӯро аз кор озод кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *