Даъвати Туркия барои манъи мактабҳои Гюлен

    Туркия умедвор аст, ки Қазоқистон нисбати боздошти мактабҳои Фатҳуллоҳ Гюлен, ки Анқара ӯро яке аз мухолифони ҷиддии ҳукумати Эрдоған медонад ва дар қасди табаддулоти 15 июл гунаҳкор меҳисобад, чораҳои ҷиддӣ меандешад. Дар ин бора сафири Туркия дар Қазоқистон Невзат Уяник ба агентии  ТАСС иттилоъ дод.

«Баъди кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия аз ҷониби ин гурӯҳ мо бовар дорем, ки ҷониби Қазоқистон нисбат ба ин ташкилот ва шохаҳои он чораҳои ҷиддӣ меандешад – гуфт Уяник ва илова кард: —  Мо дар ватани худ хатари ин гурӯҳро дидем ва муваззаф ҳастем, ки кишварҳои бародарро низ аз он огоҳ созем»

Ба ақидаи сафир имрӯз дар Қазоқистон як силсила муассисаҳои таълимӣ мавҷуданд, ки ба номи Туркия фаъолият доранд, аммо дар асл ҷуз Донишгоҳи байналмиллалии туркӣ — казоқӣ ба номи Хоҷа Аҳмад Яссауӣ дар Туркистон, бо дастгирии Анқара фаъол асту халос. Сафир мӯъатқид аст ки боқимонад макотиби «Қазоқӣ -туркӣ» ва «Литсейҳои туркӣ-қазоқӣ» ба Туркия ҳеҷ иртибот надоранд ва моли Гюлен мебошанд.

Тахмин як ҳафта пеш  Вазири корҳои дохилии Туркия Мавлуд Чавшоглу ба радиои Habertürk аз Бишкек даъват ба амал овард, ки муносибаташро нисбати Гюлен дигар кунад ва фаъолияти мактабҳои ӯро боздорад. «Онҳо (тарафдорони Гюлен) ба роҳбарияти Қирғизистон ворид шудаанд ва метавонанд дар ояндаи наздик дар Бишкек табаддулот анҷом диҳанд – ҳушдор дод Чавшоглу

Дар ҷавоб ба Чавашоглу мақомоти Қирғизистони иброз дошт: «Қирғизистон мамлакати озод аст ва қудрати фарқ байни баду некро дорад. Мо аз рӯйи одоб намедонем, ки вазири корҳои дохилии як давлат давлати дигарро амр медиҳад, ки чи кор бояд кунад, илова бар ин бо забони ултиматум ва шантаж» — омадааст дар изҳороти Бишкек

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *