Даъвати уламои исломӣ барои хизмати аскарӣ

Имом-хатибони масоҷиди Душанбе падару модари онҳо даъват карданд, ки фарзандони худро барои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ташвиқ кунанд.

Имом-хатибони масоҷиди Душанбе падару модари ҷавонон даъват карданд, ки фарзандони худро барои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ташвиқ кунанд.

Аз ҷумла, рӯзи 12 апрел дар намози ҷумъа дар масҷиди Қаламиршикори пойтахт хизмати аскарӣ ва муҳофизат аз марзу буми ватан барои ҳар ҷавони мусалмон фарз унвон шуд.

Ин гуна даъватҳо дар паси эълони мавсими навбатии ҷалби ҷавонон ба хизмати аскарӣ садо медиҳад.

Зимнан, ду рӯзе қабл Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон зимни пахши як изҳорот аз бархе падару модарон интиқод кардааст, ки барои аз хизмати сарбозӣ сарпечӣ кардани фарзандонашон мусоидат мекунанд.

Дар ин изҳорот сарпечӣ аз хизмати Ватан барои мусалмонон гуноҳ арзёбӣ шудааст.

“Сарпечӣ аз иҷрои қарзи муқаддас-ҳимояти Ватан гуноҳи кабира (вазнин) буда, афроде, ки барои содир шудани чунин гуноҳ кумак мекунанд, онҳо низ гунаҳкор хоҳанд буд”-омадааст дар изҳорот.

1 апрел даъвати баҳорӣ ба сафҳои Артиши миллии Тоҷикистон шурӯъ шуда ва то 31 май идома хоҳад кард.

Тибқи фармони Президенти Тоҷикистон, ба хизмати сарбозӣ ҷавонмардони аз 18 то 27-сола, ки ҳаққи ба таъвиқ андохтан ё озодшавӣ аз хизматро надоранд, ба артиш ҷалб хоҳанд шуд.

Ҳамасола ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 15-16 ҳазор ҷавон даъват мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *