Даъвати Вазорати маорифи Ӯзбекистон аз сармоягузорони хориҷӣ

Вазорати маорифи халқии Ӯзбекистон аз сармоягузорони хориҷӣ даъват кард, ки ба таъсиси мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии хусусӣ иқдом кунанд.

Дар мактабҳои хусусӣ аз рӯи усулҳо ва нақшаи таълимии нав дарс дода мешавад, ки бештар фанҳои технологияи иттилоотӣ, илмҳои табиӣ ва забонҳои хориҷиро фаро мегирад.

Вазорати маорифи халқии Ӯзбекистон лоиҳаи санадҳои меъёриву ҳуқуқиеро тартиб медиҳад, ки сармоягузориро дар бахши сохтани мактабҳои хусусӣ, ҳимояти сармоя ва пуштибонии давлатро сабук мегардонад.

«Мо бовар дорем, ки гуногунрангии бузург ва рақобат дар бахши мактабҳои хусусӣ ба низоми таҳсил таъсири мусбат мерасонад. Аз ҳамаи мактабҳои байналхалқӣ даъват мекунем, ки лоиҳаҳои муштарак амалӣ намоянд», — гуфт вазири маорифи халқии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *