Давидани Давлатмирзо то РВКД будааст (видео)

Ҳоло шаҳрвандони фаъол дар ошкор кардани қонуншиканиҳое, ки нисбати дигар шахсон содир мегарданд, хеле фаъоланд .

Ин ҳам вобаста ба истифодаи телефони мобилӣ ва ба навор бардоштани ин қонуншиканиҳо мебошад. Баъзан ронандагони мусофиркашҳои ҷамъиятие ҳастанд, ки ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт на танҳо қодаҳои ҳаркат дар роҳро вайрон мекунанд, ҳамзамон бо мусофирон дағалона рафтор намуда, боиси озори шаҳрвандон мешаванд.

Як қатор истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуданд, ки нисбати ронандаи автомашинаи хатсайри №47 аломати қайди давлатиаш 2299 ТТ 05 чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда воситаи нақлиётро бо суръати баланд идора намуда, боиси ба хатар монондани ҷони мусофирон гардидааст ва эҳтимоли рух додани ҳолати садамавиро ба миён овардааст.

Зимни гузаронидани як қатор чораҳои фаврии санҷишӣ муайян карда шудааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер, рақами қайди давлатиаш 2299 ТТ 05 шаҳрванд Саидов Давлатмирзо Ғаниҷонович санаи таваллудаш 05.01.1993 сокини н. Рӯдакӣ, ҷамоати Навобод мебошад.

Баъди ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе овардани ӯ нисбаташ барои баланд намудани суръати ҳаракат, ки боиси озори мусофирон гардидааст протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд. Ҳамзамон воситаи нақлиёт дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шуда, барои дар оянда эҳтиром гузоштан нисбати мусофирон ва риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракати роҳ ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Инчунин ба номбурда фаҳмонида шуд, ки дар ҳолати такрори чунин қоидавайронкунӣ аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ маҳрум карда хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *